Имрӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и шаҳри Хуҷанд ҷиҳати пешгирӣ аз амалҳои номатлуб вохӯрии мудирони шуъбаҳои кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  бо хонандагони синфҳои болоӣ доир гардид.

Дар баромади мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроия Эҳсон Исоев таъкид шуд, ки яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат ва аз они худ кардани ваколатҳои он мебошад.

Сипас зимни баромади хеш аз нақш ва мақоми ҷавонон дар пойдории давлатии миллӣ сухан ронда, дар ин росто таъсиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”- ро амри зарурӣ шуморид. Зимнан таъкид шуд, ки аъзо шудан ба сафи ин ташкилот шараф ва номус аст. Ӯ аз хатмкунандагон даъват ба амал овард, ки бо корҳои неку шоиста дар пешрафти кишвар саҳми худро гузоранд. 

Мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи шаҳрӣ Заррина Манонова аз Муроҷиатномаи ширкати “Барқи тоҷик” дар мавриди истифодаи самараноки нерӯи барқ ёдовар гардида, афзуд, ки бо сабаби камбориш омадани сол сатҳи захираи об дар нерӯгоҳҳо дар қиёс ба солҳои пешин камтар аст. Бо вуҷуди ин давлат ва Ҳукумати кишвар баҳри самаранок истифода бурдани он шуруъ аз санаи 10 декабр маҳдудияӣи барқро аз байн бардошт.

Истифодабарандагонро лозим меояд, ки фарҳанги истифодабарии нерӯи барқро риоя намуда, барои сарфакорона истифода бурдани он кӯшиш намоянд. Ҳамчунин, ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии Ковид – 19 аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя намоянд.

Сипас, миёни иштирокчиён саволу ҷавобҳо доир гардид.