Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и кумиҷроияи шаҳрии ҳизб бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар миқёси шаҳри Хуҷанд зиёда аз 2 ҳазор нафар ҷавонони шаҳр бо иди ҷавонони кишвар табрику муборакбод карда шуда, варақаҳои табрикотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба онҳо тақдим карда шуд.