Тибқи нақша-чорабинии шӯъбаи кор бо занон  бо мақсади тарбияи ифтихори ватандориву ватанпарастии ҷавонон ва     26-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ташкилоти ибтидоӣ ба номи Зайниддин Осимов бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Н.М., мудири шуъбаи кор бо занон, модарони сарбозон маҳфили адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Бо писари сарбозам ифтихор дорам» гузаронида шуд.

Даврон Ёқубов раиси Ташкилоти ибтидоӣ Зайниддин Осимов чорабиниро оғоз намуда ҳамагонро бо фарорасии      26-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, меҳмононро муаррифӣ намуданд.

Сипас Раиси Кумити иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Н.М.  ҳамагонро бо ин рӯзи фархунда табрик гуфта дар рафти чорабини ба 8 нафар ҷавонон дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ  супорид. Ҷавонони нав ба аъзогӣ қабул шуда, аз ин иқдом хеле сарфароз шуда, миннатдории хешро баён карданд. Дар фарҷоми чорабинӣ  модарони сарбозон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Барои хубу хотирмон ва дар вазъияти идона  гузаронидани чорабинии мазкур аз ҷониби хонандагони МТМУ №2 суруду шеърҳо, оҳангҳои дилнавоз ва саҳначаҳо намоиш дода шуданд.

Чорабинӣ дар сатҳи баланди идона баргузор гардид ва анҷом пазируфт.