Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар асоси барқияи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таҳким бахшидани фаъолияти раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизб санаи 28-уми сентябри соли 2015 дар толори Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд машғулияти омӯзишии 2 соата бо раисони ташкилотҳои ибтидоӣ баргузор намуд. Тибқи барномаи семинар-машварат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов бо сухани ифтитоҳӣ машваратро ҳусни оғоз бахшида, доир ба вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизб дар марҳилаи ҳозира ва минбаъда суханронӣ намуд. Сипас, масъулини Кумитаи иҷроия ва аъзоёни фаъоли кумиҷроия оид ба самтҳои асосии фаъолияти гурӯҳҳои ташвиқотию тарғиботӣ, коргузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизб, занон қувваи пешбарандаи ҷомеа, оид ба пардохти саривақтии аъзоҳаққӣ маърӯзаҳо намуданд. Машғулияти омӯзишӣ бо саволу ҷавоб ба кори худ хотима бахшид.