Бахшида ба иди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонатбонк дар вилояти Суғд маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзида ҳамаи аъзоёни ҲХДТ-ро, ки дар ташкилоти ибтидоии Амонатбонк кору фаъолият мебаранд, ба муносибати 24-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳар як фарди тоҷик азизу муқаддас ба ҳисоб меравад табрику муборакбод намуд. Дар хотимаи маҷлиси тантанавӣ аз ҷониби раиси кумиҷроия ба 7 нафар шахсоне, ки қаблан барои дохил шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод карда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.