Дар иртибот бо оиладориву тарзи ҳаёти солим метавон як нуктаро хотирнишон сохт, ки солимии ҷомеа пеш аз ҳама аз солимии аҳли он вобаста аст. Дар ин росто ҳатмӣ шудани маълумотномаи тиббӣ пеш аз хонадоршавӣ чандин мушкиливу муаммои оиладориро ҳал сохта истодааст. Гузашта аз ин агар мо хоҳем, ки занону бонувони мо воқеан ҳам ҷисман солим бошанд, пеш аз ҳама мафкураи онҳоро боло бардорем. Дар урфият мегӯянд, ки пешгирӣ аз беморӣ гарави саломатии кул аст. Вақти он расидааст, ки сокинон нисбати саломатии худ бетараф набошанд, хосса занонро мебояд соле ду маротиба аз ташхиси пурраи тиббӣ гузаронид. Ҳамчунин ба ақидаи мо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ шудани бастани Аҳдномаи никоҳ барои пешгириии барҳам хӯрдани оилаҳо ва мустаҳкамии он боис шуда метавонад.

            Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оиларо ҳамчун асоси ҷомеа ва арзиши муқаддас эътироф намуда, барои устувории пояҳои он дар шароити нави ҷаҳонишавӣ амалӣ намудани чораҳои зеринро зарур меҳисобад:

            -тақвияти хизматрасонии машваратхонаҳои равоншиносӣ, ҳуқуқӣ ва тиббӣ бо мақсади расонидани кӯмакҳои машваратӣ ба оилаҳо;

            -таҳияи Консепсияи рушди оила бо мақсади нигоҳдорӣ ва пойдории он бо дарназардошти таҳдидҳои раванди ҷаҳонишавӣ;

            -ҳифзи саломатии модару кӯдак, солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқи репродуктивӣ

            -тақвияти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ.

            ҲХДТ ҷонибдори бартараф намудани ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ дар оила буда, ҷиҳати ташаккули муҳити солими оилавӣ, риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳар як аъзои оила ва ташаккули шахсиятҳои комил дар он доир ба андешидани тадбирҳои судбахш мусоидат мекунад.

            Боиси қаноатмандист, ки айни ҳол мақомоти қонунгузор оиди бастани Аҳдномаи никоҳ байни издивоҷкунандагон корбарӣ намуда истодааст. Бо мақсади муайян намудани афкори омма ва пешниҳоду дархостҳои иштирокдорони маҳфил дар таҳияи қонун дар бораи Аҳдномаи никоҳ санаи 27.10.2016 маҳфили навбатии бонувони ҳизбии шаҳри Хуҷанд «Рози бону» дар мавзхи «Аьдномаи ақди никоҳ» ва «Пешгирии никоҳи хешутаборӣ» дар толори хурди шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар маҳфил собиқадорони ҳизб ва меҳнат, фаъолзанони ҳизб, табибон, масъулини Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. Масъалаҳое, ки дар маҳфил ба муҳокимаи иштирокдорон пешниҳод гардид, пеш аз ҳама дар самти татбиқи сиёсати гендерӣ ва таҳкими оила бо назардошти хусусиятҳои миллӣ ва бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ чораҳои мушаххас андешидан, ба хотири таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари онҳо талош варзидан, нигаронида шуд.

Аз ҷумла таъкид гардид, ки Аҳдномаи никоҳ-созишномаи зану шавҳар аст, ки ҳуқуқи молу мулкӣ ва ӯҳдадориҳои онҳоро дар давраи заношӯӣ ва дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд. Аҳдномаи никоҳ аз рӯи табиати ҳуқуқии худ аҳди дутарафа мебошад. Аҳдномаи никоҳ яке аз навъҳои аҳд аст ва қонунгузор ба ҳамсарони оянда, ё ба ҳамсарон дар давраи ақди никоҳ ҳуқуқи мустақилона додааст, то ин ки дар он муносибатҳои молу мулкии худро муайян созад, лекин дар айни замон онҳоро барои бастани ин навъи аҳд ӯҳдадор намекунад. Дар ҳолати ҳатмӣ шудани бастани Аҳдномаи никоҳ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафҳо ӯҳдадор мешаванд, ки ҳатман аҳд банданд. Иштирокдорони маҳфил пешниҳодҳои ҷолиб намуданд, ки ин пешниҳодҳо тариқи мактуб ба унвони МН МО ҶТ ирсол карда мешавад.