Дар маҷлисгоҳи бинои таълимии №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар доираи аксияи ҷумҳуриявии Албом-эстафета таҳти унвони “30 - соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар доир гардид. Ректори донишгоҳ профессор Муъмин Шарифзода мизи мудавварро оғоз намуда, меҳмононро ба иштирокчиён муаррифӣ кард ва перомунӣ нақшу мақоми иҷлосияи тақдирсоз дар расидан ба сулҳи комил ибрози андеша намуд. Қайд гардид, ки Иҷлосияи ХVI  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории тоҷикон нақши калидӣ бозида, роҳи ояндаи дурахшони халқи тоҷикро  ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Сипас, раиси  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов доир ба аксияи ҷумҳуриявии Албом-эстафета таҳти унвони “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” сухан гуфт.

Дар идома баромади муаллимаи калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ Пӯлотова Мунзифа дар мавзӯи “Нақши Иҷлосияи тақдирсоз дар оромсозии  фазои ноороми  солҳои 1990” баромад кард. Ҳамзамон дар мизи мудаввар маърӯзаи аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд Назирахон Насимӣ дар мавзӯи “Саҳми Иҷлосияи тақдирсоз дар тарбияи хештаншиносии ҷавонон ” шунида шуд. Иброз гардид, ки Иҷлосияи ХVI  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўйдодест, ки бо гузашти инак 30 сол аҳамияти он бештар эҳсос мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи фардои дурахшони кишвар ва ба давлати мутараққӣ мубаддал намудани Тоҷикистон қадамҳои устувор мегузорад.

      Дар хотима  аз ҷониби ректори донишгоҳ ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр ба фаъолони мизи мудаввар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.