Ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ ,-25 солагии Истиқлоляти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Хуҷанд ҳамаҷониба омодагӣ мебинад. Яке аз амалҳои ободкорию созандагӣ ба ифтихори ин санаи таърихӣ ин бунёди 25 иншоотӣ ҷашнӣ иборат аз сохтмонҳои биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, марказҳои савдо, боғчаю мактаб ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз аз рафти корҳои сохтмонии панҷ обеъктҳои сохташаванда аз ҷумла маркази савдои «Анис», меҳмонхонаи чаҳорситорадори «Сирдарё» ва бинои навбунёди манзили истқоматӣ, ки дар марҳилаи охирони корҳои сохтмонӣ қарор доранд, боздиди корӣ анҷом дод. Раиси шаҳр ба роҳбарони иншоотҳои номбурда доири сифати корҳои сохтмонӣ, иҷроиши мӯҳлати ба анҷом расондани корҳои сохтмонӣ мавриди истифода қарор додани онҳо, ободонию гулзор намудани мавзеҳои атрофии иншоот, ба эътибор гирифтани мавзеҳои махсуси бозии кӯдакон, майдончаи варзишӣ ва таваққуфгоҳ дастурҳои мушаххас дод. Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳар як бинои нав бояд барои истифодабарандагонаш ва сокинони шаҳр аз ҷиҳати зебоӣ ороиш ва шароиту имкониятҳо аз биноҳои қаблӣ фарқ дошта бошанд. Лозим ба ёдоварист, ки дар шаҳри Хуҷанд ба истиқболи 25 солагии ҷашни бузурги миллӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 иншооти нав ба истифода дода хоҳад шуд.