Асосгузори сулҳу ваҳдат  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу ваҳдат, ҳифзи истиқлолияту миллат ва пешрафту тараққиёти Тоҷикистони соҳбистиқлол саҳми беназир доранд.

Ба туфайли Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ мақоми шоиста пайдо намуд. Тоҷикистон дар ҳалли муаммоҳои умумибашарӣ фаъолона иштирок намуда саҳми арзанда мегузарад. Тавре маълум аст, ки дар марҳилаи имрӯза муаммои об яке аз муаммоҳои ҷаҳонӣ гардидааст. Имрӯз бисёр давлатҳо барои оби ошомидани ниёз доранд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ ҳар сол миллионҳо одамон дар сайёра аз сабаби норасоии оби тоза азият меашанд. Бо назардошти чунин ҳол  Пешвои миллат чор маротиба аз минбари баланди СММ бо ташаббусҳои наҷиб баромад намуданд, ки онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳаматарафа дастгирӣ ёфт.

  Бояд қайд кард, ки таъмин намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба зиндагӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлати демокративу ҳуқуқбунёд  ба шумор меравад. Бинобар ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамин нигоҳ барои ҳалли масъалаи об пайваста бо ташаббусҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат менамоянд. Бояд зикр кард, ки дар ҷаҳони имрӯза аз тарафи баъзе давлатҳои абарқудрат сиёсати дугона нисбати муаммоҳои ва дигар масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ зоҳир карда мешавад. Чунин сиёсат дар роҳи ҳалли муаммоҳои муҳими ҷаҳонӣ монеаҳо ташкил менамояд. Имрӯз маълум аст, ки баъзе давлатҳои абарқудрат ба масъалаи яроқнокшавӣ ва озмоиши силоҳҳои нав маблағҳои зиёд равона менамоянд, аммо барои ҳал намудани муаммои ҷаҳонӣ худро нодид мегиранд. Чунин муносибат ба сари инсоният душвории нав пайдо менамояд.

Бояд қақд намуд, ки Президенти кишвар диққати созмонҳои байналхалқӣ ва давлатҳои ҷаҳонро инчунин барои ҳалли муаммои кӯли Сарез мунтазам ҷалб менамоянд, ки он имрӯз ба муаммои минтақаи Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст.

Воқеан ҳам муаммои кӯли Сарез барои давлатҳои Осиёи Марказӣ муаммои муҳим ба шумор меравад. Барои ҳалли он бояд ҳамаи давлаҳои минтақаи Осиёи Марказӣ иштирок намоянд.

Барҳақ, Пешвои миллати мо чун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ном бароварда, аз ҷониби роҳбарони давлатҳои хоиҷа ва созмонҳои байналмилалӣ қадршиносӣ гардидаанд. Мо мардуми тоҷик хушбахт аз он ҳастем, ки чунин сарвари оқилу доно дорем, ки ҳамчун пуштибон ва ғамхорӣ халқ баромад мекунанд.

Одинаев А. – н.и.т., дотсенти

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон