Дар толори калони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ: раҳнамои ҷомеа» бо иштироки васеъи устодону донишҷӯён баргузор гардид. Ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов онро ифтитоҳ намуда аз ҷумла қайд кард, ки Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав-терроризм ва экстремизм пешниҳод гардид. Чуноне, ки аз Паёми Сарвари кишвар, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар меояд соли 2015 бо вуҷуди таъсири бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва афзоиши фишор ба иқтисоди миллӣ мо дар натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми шарафманди кишварамон рушди мусбати иқтисодиро таъмин намудем. Мавсуф гуфт, ки соли 2016 барои тараққиёти соҳаи маориф 3 миллиарду 150 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбати солҳои пешин 13 баробар зиёд аст.Супориш дода шуд, ки дар давоми 4 соли оянда масъалаи пурра бо омӯзгорони фанҳои дақиқ, технологияҳои иттиллоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, дар навбати аввал русиву англисӣ таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти умумиро ҳал гардад. Дар идомаи суханронии худ Анвар Мақсудов қайд кард, ки дар ҳамаи 16 факултетҳо аз ҷониби устодони варзидаю собиқадор ва сиёсатмадорон баррасиву таҳлил мегардад. Тибқи нақшаи Ҳукумати вилоят дар баргузории Рӯзи ягонаи ахбор оид ба Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар даҳ нафар олимон санаи 22.01.2016 ба шаҳру ноҳияҳои вилоят сафарбар карда шуданд.Итминон дорм, ки ин сиёсат дар оянда низ идома ёфта, барои ободиву тараққиёти кишварамон саҳми арзанда хоҳем гузошт. Сипас, Сарфароз Юнусов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Ӯғулой Умаралиева сармутахасиси шуъбаи тарбия ва Иброҳим Ҷабборов оид ба нуктаҳои муҳими Паёми Роҳбари Давлат андешаронӣ намуданд. Маърӯзачиён зимни баромади худ таъкид сохтанд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳои Пешвои миллат ҳар кадоми моро мебояд, ки барои дастгирии ҳадафҳои маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, барои ба талаботи ҷомеа мутобиқ намудани мазмуни таълиму тарбия, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯй ба бозори меҳнат, ворид намудани технологияи инноватсионӣ ба ҷараёни таълим, дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ, хештаншиносию таҳаммулпазирӣ ва бо идеологияи солим, таълиму тарбия намудани фарзандону шогирдон масъулиятшиносона заҳмат кашем. Дар анҷоми конфронс ба 24 нафар аъзоёни нави ҲХДТ аз ҷониби Анвар Мақсудов- ректори донишгоҳ , Сарфароз Юнусов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Наим Маликисломов –раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.