Бо мақсади ошно гардидан ба мазмуну мундариҷа, аҳамият ва арзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» аъзоёни ҲХДТ дар китобхонаи оммавии вилояти Суғд ба номи Т.Асирӣ маҳфили фарҳангӣ маърифатӣ доир карданд. Дар маҳфил намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, намояндаи Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд ва кормандони китобхонаи мазкур ширкат варзида, дар бораи арзиши олӣ доштани Қонуни мазкур суханрониҳо намуданд. Қайд карда шуд, ки китобдорони вилояти Суғд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат»-ро ҳамаҷониба ҷонибдорӣ намуда, таҳти Сарварии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободии Ватан кӯшиш ба харҷ медиҳанд.