Ҳамарӯза мутобиқи ҷадвали тасдиқнамудаи раиси Ситоди интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди ҳавзаи интихоботии «Сирдарё №1» вохӯриҳои номзади пешниҳоднамудаи ҲХДТ бо интихобкунандагон баргузор гардида истодааст. Санаи 3-уми май дар толори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд вохӯрии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Сирдарё №1 Салима Каримова бо интихобкунандагони участкаҳои интихоботии шахрии 38 ва 41, доир гардид, ки дар он аз ҷониби шахси боэътимоди номзад барномаи пешазинтихоботии номзад ва шахсияти он муаррифӣ карда шуд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов дар баромади худ зикр дошт, ки таи даҳсолаи охир Тоҷикистони азизи мо ба сӯи арзишҳои олии иқтисодиву сиёсӣ, фарҳангию маънавӣ қадамҳои устувор мегузорад. Мо мардуми шарифи тоҷик шукргузор аз қисмат ҳастем, ки бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҲХДТ, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо муҳимтарин барномаҳои муассирро барои пешрафти ҳаёти ҷомеа ба шоистагӣ татбиқ намуда, нуфузи мамлакати моро дар арсаи кишварҳои ҷаҳон боло мебардорад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамаи ҷанбаҳои фаъолият, аз ҷумла пешбарии номзадҳо ба вакилӣ, иштирок дар фаъолияти Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тавассути намояндагони худ дар доираи меъёрҳои муқарарнамудаи Конститутсия ва қонунгузории амалкунанда барои расидан ба ҳадафҳои хеш саъю талош хоҳад кард. Сипас, миёни интихобкунандагон ва номзади пешниҳодгардида саволу ҷавобҳо доир гардид.
Шарҳ додан
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 10146
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 9980
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 8109
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 7903
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 7273
-
Хуҷанд: КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМО ВА ҚУТБНАМОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ2023-11-03 1136
-
Хуҷанд: АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТИ ШОЁНИ СОБИҚАДОРИ ҲХДТ2023-11-01 1170
-
26 СОЛИ САРФАРОЗӢ, 26 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТҲО2020-12-09 813
-
НАЙРАНГБОЗИҲОИ НАВБАТӢ2019-08-09 1014
-
ХУДРО ЭҲТИЁТ КАРДАН БУРДИ ҶАМЪИЯТ АСТ2020-06-16 916
-
ҶАЛАСАИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «ҲИФЗИ САЛОМАТӢ»2023-02-08 392
-
ЗАМИНА БАРОИ ФАРОВОНҲОСИЛӢ2018-01-31 1300
Меҳмонон