Ба ифтихори эълон гардидани соли 2017- Соли ҷавонон ва ҷашни Рӯзи модар дар факултети муҳандисӣ-технологии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд озмун таҳти унвони «Зан сарчашмаи зиндагӣ» байни донишҷӯён баргузор гардид. 

Озмун аз рӯи се шарт- расмкашӣ, мӯйбофӣ ва ҳинокашӣ доир гардида, наздики 50 нафар донишҷӯён маҳорат ва ҳунари худро нишон доданд.

Расмҳои кашидаи донишҷӯён симои занони тоҷикро дар худ таҷассум намуда, духтарон чандин намуди мӯйбофию ҳинокаширо манзури аҳли нишаст гардонданд.

Дар ҷамъбаст дар бахши расмкашӣ Хосият Ҷабборова, гурӯҳи 4.50.01.02 сазовори ҷойи якум, Далер Қурбонов, гурӯҳи 3.69.01.01 ҷойи дуюм ва  Заррина Маҳмудова, гурӯҳи 1.50.00. 02 зинаи сеюмро ишғол намуда,  дар бахши мӯйбофӣ Фарангис Тӯрақулова, аз гурӯҳи 3.50.01.02 ғолиб омада, зинаҳои дуюму сеюмро Сафия Муҳиддинова, гурӯҳи 1.50.01.02, Зулайхо Ӯрунова аз гурӯҳи 1.50.01.02 ба даст оварданд. Дар бахши ҳинокашӣ касе ба пояи Гулина Мардикова, донишҷӯи гурӯҳи 1.50.0.05 нарасид. Зинаҳои баъдиро Анӯша Тошхӯҷаева, гурӯҳи 2.50.01.02 ва Ҷабборова Хосият,  гурӯҳи 4.50.01.02,  ба даст оварданд.

Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ғолибонро бо Соли ҷавонон ва Рӯзи модарон табрик намуда, ба ғолибон тӯҳфаҳои таъсиснамудаи раёсатро тақдим намуд.

Бояд гуфт, ки дар баргузории озмуни мазкур аъзои кафедраи дизайн ва меъморӣ бо сарварии Назира Бобоҷонова заҳамати беш кашиданд.

Ёдовар мешавем, ки бо иқдоми декани факултети мазкур Амиртемур Ваҳҳобов шогирдони ин факултет аз  ин пеш низ бахшида ба рушди туризм дар Тоҷикистон озмуни «Тоҷикистон минтақаи туризм»-ро доир намуданд, ки аз ҷониби коршиносон ҳунари зардӯзиву дӯзандагӣ, наққошиву меъморӣ ва дигар армуғонҳо   баҳои баланд гирифт.