Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар аксари коргоҳу муассисаҳои ҳудуди шаҳри Хуҷанд чорабиниҳо доир шуданд. Чунончи дар толори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо иштироки кормандон дар мавзӯи «Президенти мо – ифтихори мо»  чорабинӣ доир гардид.

Дар суханронии сарвари ҳифзи муҳити зисти вилоят Нӯъмонзода Темурҷон аз ҷумла зикр шуд, ки бо ибтикор ва талошҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаммои об дар сатҳи байналмилалӣ аз соли 2003-юм мавриди омӯзиш ва баррасии коршиносон қарор дорад ва барномаи навтарини «Об –барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» низ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи гарм ёфт.  

Уғулой Умаралиева, муовини раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд кулли кормандони ҳифзи муҳити зисти вилоятро бо ин рӯйдоди муҳими таърихӣ аз номи кумиҷроияи шаҳрӣ табрик гуфта, қайд кард, ки арҷгузорӣ ба заҳматҳои арзанда ва шабонарӯзии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати ҳар як шаҳрванди бонангу ор аст. Зеро ин шахсияти беназири таърихӣ барои эҳёи давлати навини тоҷикон ва муаррифии шоистаи он хизмати бузурге ба ҷо овардааст.

Чорабинӣ бо маърӯзаи чанде аз собиқадорони меҳнат ба кори худ анҷом бахшид.