Нобасомониҳое, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух дод, тамоми мардуми тоҷикро ба ташвиш овард. Зеро Бадахшон низ ин як пораи Ватани мост ва мо набояд аз ин рӯйдоди ғаразона канораҷӯй ва барои баҳамоӣ ва якдиливу барқарор кардани сулҳ бетараф нестем. Он гуруҳҳои ифротгаро, ки барои сар задани нооромӣ дар Бадахшон ташкил карданд, ҳеҷ гоҳ ба мақсад нахоҳанд расид. Чи хеле ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ воқиф ҳастем, якчанд нафар ташкилкунандагон ва аъзоёни ин гуруҳи тундрав дастгир ва ошкор шуданд.

Аз ин лиҳоз мо ҷавонон бояд дар ҳамин лаҳзаҳои басо муҳим зиракиву ҳушёриро аз даст надода, барои ҳимояи пораи хоки Ватанамон ҳамеша омода бошем. Нагузорем, ки нохалафон хоинони Ватан барои пойдории сулҳу амонӣ ва тинҷиву осудагии мардуми шарафманди тоҷик халал расонанд. Барои ҳимояи давлати соҳибистиқлоламон омода ҳастам ва мардуми Бадахшонро даъват ба амал меорам, ки ҳеҷ гоҳ ба таҳлука наафтода, устувор бошанд, зеро дар паҳлуи эшон ҳимоятгарони Ватан пеш аз ҳама давлату мақомотҳои кишвар, сокинони дигар манотиқ, тоҷику тоҷикистониён  қарор доранд. Мо намегузорем, ки хоҳару бародарони бадахшонии  моро ваҳму воҳима ва таҳдид фаро гирифта бошад. 

Бояд ҳамдиливу ҳамҷоягӣ ва сарҷамъии миллати хешро аз даст надиҳем. Барои ба даст овардани давлати соҳибистиқлол ва демократӣ  заҳматҳои нотакрори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург мебошад. Маҳз бо сиёсати хирадмандона ва некбинонаи Сарвари давлат имрӯз мо дар фазои ободу зебо ва озоду тинҷ умр ба сар мебарем. Имрӯз, ки дар партави оқилонаву дурандешонаи Пешои миллат қарор дорему баҳри пешрафту зиндагии шоистаи мардум ҳамҷоя талош варзида,  Ватани хешро боз ҳам ободтар гардонем, то мардум зиндагии фаровону осударо паси сар карда бошанд. Лекин нохалафон  бадхоҳони Ватан хостанд ба ин оромии мардумро дидан нахоста, барои маблағҳо ночиз худи ҳамватанони мо тоҷикон аъзои гуруҳи террористӣ ташкил намуда, як гӯшаи ватани худро, яъне ВМКБ шаҳри Хоруғ ва Рӯшонро ба бесару сомониҳо оварда, хостанд бо ин кирдори бади худ Тоҷикистони навҷавону соҳибистиқлоламонро ба харобазор табдил диҳанд. Чӣ хеле ки мегӯянд, бадкирдорон ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд.

Аз тарафи мақомотҳои дохилии кишвар саркардагон ва аъзоёни ин гуруҳи террористӣ, ки бо тайёрии пешакӣ ин корро оғоз кардаанд, сари вақт дастгир шуданд.

Чӣ хеле ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ воқиф гардидем, ки шахсони масъул ва саркардагони ин нобасомонӣ дар Бадахшон дастгир карда шуда, тариқи оинаи нилгун ва дар корхонаву идораҳо филми “Шикасти Фитна” –ро мардум тамошо доранд. Маҳз дар ин филм худи фитнаангезон баромад карда, акнун баъди ин қадар корҳои иғвоангезӣ иқрор ҳам шуданд, ки аз кардаи хеш пушаймон ҳастанд.

Тамошои ин филм онро водор мекунад, ки мардум ва хусусан ҷавонон ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд. Ба ҳар гуна суханҳои бардурӯғ ва фитнаангези хоинони Ватан фирефта нагардида, ба Ватан – модар хиёнат накунанд, ки ин гуноҳи нобахшиданист. Намоиши филми мазкур ин як дарсе ба ҷавонон аст, ки бояд донанд, ки давлат  ҳар қадаму рафтор ва кирдори сокинонро назорат мекунад. Ҳушдор бошанд, то ки фирефтаи молу чиз гардида, ба сари худ ва дигарон ба монанди Алим Шерзамонов, Муҳаммадбоқир Боқиров, Холбаш Холбашов ва Улфатнисо Мамадшоева балоро наоранд. Ин шахсони фитнаангезие, ки аз ҷониби мухолифини давлат ба мисли Алим Шерзамонов, Муҳаммадбоқир Боқиров, Холбаш Холбашов ва Улфатнисо Мамадшоева барои барангехтани тухми нифоқу бадбинӣ байни мардуми Бадахшон кардаанд, оқибатҳои фоҷеаборе ба сар овард. Сухан дар бораи он меравад, ки ин нафарон бо роҳнамоии Алим Шерзамонови лаини дар мамлакати Аврупо сукунат дошта, санаи 24 марти соли равон нақшаи амалиёти террористиро дар Бадахшон кашида, мувофиқи барнома онҳо аввал дар Хоруғи Боло гирдиҳамоӣ ороста, баъдан дар шоҳроҳи Душанбе Кӯлма амалиётҳои терроистиро анҷом медиҳанд. Ба ин кор Алим Шерзамонов ба саркардаҳои гирдиҳамоӣ 13 ҳазор доллар маблағ фиристода, вазифаи ҳар яке аз онҳоро муайн намуд. Мувофиқи тақсимоти вазифа тавре Улфатнисо худ иқрор мешавад, Холбашов Холбашов ҷангиёнро дар ноҳияи Рӯшон  ва Роштқалъа омода мекард, Муҳаммадбоқир Боқиров бошад, аслиҳаю силоҳи ҷангиёнро тақсим мекард. Улфатнисо бошад масъули паҳни иттилотти бардурӯғ буд.  Ин шахсони дар боло зикршуда оғоз ва саркардаҳои рӯйдоди ғамангези дар ВМКБ рухдода мебошанд.

Кас баъд аз тамошои филми “Шикасти фитна” ангушти ҳайрат мегазад, ки нафарони тоҷик, зодаи мулки хешро тавонистанд ба иғво андохта, мардуми бечораро азият диҳанд. Виҷдони эшон чи хел тоқат кард, ки зодгоҳи худро ба харобазор ва нооромӣ оваранд.

Хуб шуд, ки ин ашхос сари вақт дастгир карда шуданд ва онҳо акнун дар назди Қонун ба ин кирдори бераҳмонаашон ҷавоб хоҳанд гуфт.

Аз ин лиҳоз биёед ҳамҷоя аз як гиребон сар бароварда, баҳри пешрафту бунёдкорӣ ва тараққиёту ободонии Тоҷикистони маҳбубамон талош варзем, то саҳми арзандаи хешро гузошта бошем. Беҳуда нагуфтаанд, гузаштагонамон барои имрӯзаи мо корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд ва мо низ ҷавобан ба он корҳои некеро анҷом диҳем, то ки  наслҳои оянда моро ба некӣ ёдовар шаванд. Аз худ номи нек ва амалҳои хуби инсониро ба ояндагон мерос гузорем.

 

Сармуҳаррири нашрияи “Шафақ”-и назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Назокат Юсуфӣ