Бахшида ба ҷашнҳои Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами миллӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ чорабинии идона бо иштироки устодону донишҷӯён доир гардид. Чорабиниро муовини директор оид ба таълим Хуршед Мақсудов ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла қайд кард, ки мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат мебошанд. Дар таърихи нави инсоният ин се падидаи ҷамъияти инсонӣ нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат ба ҳисоб мераванд. Агар Суруди миллӣ қалби миллатро ифода кунад, Парчамро метавон сари баланди халқ номид. Чун ҳар ҷо Парчам барафрохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сӯи он менигарданд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос мешавад. Парчами давлат дар баробари баёнгари озодӣ ва истиқлолият будан, дар худ армон ва умедҳои сокинони мамлакатро инъикос менамояд. Мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҳамроҳ Атаева баргузории чорабинии мазкурро нишонаи баланди ватандорӣ ва эҳсоси худшиносии ҷомеаи меҳнатии донишкада номида, қайд кард, ки туфайли меҳнати созанда ва идроки сиёсии баланди шаҳрвандони вилоят имрӯз сафи ҳизбиён ба 70 ҳазор нафар расида, алҳол раванди қабул ба аъзогӣ дар аксари корхонаву ташкилотҳо хуб ҷараён дорад. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ба номи Муҳаммад Осимӣ дар ҳар чорабиниҳои ҳизбӣ фаъолнокии бештар зоҳир намуда, мекӯшанд ҳадафҳои барномавии ҳизбро ҳамвора бо барномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал пиёда созанд. Мукаррама Неъматова, мудири шӯъбаи кор бо занони кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд низ дар баромадаш зикр кард, ки ҲХДТ замоне ба арсаи сиёсӣ омад, ки воқеан ҳам ҷомеа ниёз ба таблиғи солим дошт. Ва инак 20 сол мешавад, ки ин ҳизб чун ҳизби ормонӣ дар дилу дидаи мардум маъво гирифтааст. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки дирӯз кумиҷроияи шаҳрӣ шумораи 10 ҳазорумини аъзои худро ба қайд гирифт. Мукаррама Неъматова барои баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ, ҳуввияти милӣ, донистани таърих, фарҳанг ва тамаддудуни кишварамонро шарт ва зарур дониста, дар бораи таърихи пайдоиши Парчам сухан гуфт. Мавсуф аз фаъолияти бобарори ҷомеаи меҳнатии устодон ва донишҷӯёни донишкада васф карда, саҳми онҳоро дар баргузории чорабиниҳои Соли оила дар шаҳри Хуҷанд бузург арзёбӣ намуд. - Мо гуфт, Мукаррама Неъматова аз он изҳори шодмонӣ дорем, ки шогирдони донишкада сомонаи кумиҷроияи шаҳриро омода кардаанд ва он ҳамарӯза бо пахши хабарҳои фаврӣ ҷомеаи кишварро аз рӯйдодҳои навин огоҳ месозад. Ҳамзамон бо ҳамкории устодони донишкада нашрияи ҳизбӣ рӯи кор омада, бо матолибҳои хондании худ аллакай муштариёни зиёде пайдо кардааст. Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба 50 нафар устодону лаёқатманду фаъоли донишкада билетҳои ҳизбӣ супорида шуд. Иддае аз донишҷӯёни дар толор ҳузур дошта аз ин вазъият истифода бурда бо амри дил ва масъулияти хосса пешниҳод карданд, ки аризаҳои онҳоро барои қабул шудан ба аъзогӣ масъулини ҳизбӣ дида бароянд. Хуршед Мақсудов ду тан аз олимаҳои ҷавони донишкада Ҳамроҳ Раҳимова ва Зӯҳро Умароваро, ки нав ба аъзогии ҲХДТ пайвастанд, бо ду мувафақият, яке шомилшавӣ ба ҳизб ва дигаре дифои рисолаи номзадӣ табрик гуфт ва ба онҳо дар шоҳроҳи пурпечутоби илм ва сиёсат барор хост. Мӯътабар Ғозиева, номзади илмҳои таърих дар гузориши илмии худ дар бораи Парчам ва нақши таърихии он сухан ронд. Дар қисмати фарҳангӣ донишҷӯёни донишкада бо маҳорати хосса шеърҳо дар васфи Ватан, Модар қироат намуданд. Дастагули тару тозаи мусиқӣ, ки ҳамагӣ тариқи зинда омода шуда буд, ба аҳли нишаст кайфияте дигаре зам намуд. Хосса ҳунарнамоии ҷавонон дар риштаи шашмақом ва рақси миллӣ бо либоси софи тоҷикӣ писанди ҳамагон гардид.