Фестивал-озмуни «Хурӯши ҷавонӣ», ки бахшида ба соли 2017- Соли ҷавонон  бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд рӯйи кор омадаву ҳадафаш дарёфти чеҳраҳои нав, баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми ҷавонон дар ҷомеа мебошад, аз Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт.  

Чорабиниро директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ҳусни ифтитоҳ бахшида, баргузории чунин чорабиниро барои рушд ва такомули зеҳнӣ ва ҳунарии  ҷавонон амри зарурӣ шуморид.

Сипас, донишҷӯёни донишкада аз рӯи шартҳои «бадеҳасароӣ», «рақс», «намоиши либосҳои муосир ва миллӣ», «сюитаи овозию рақсӣ»  баромад намуда, ҳунари баланд нишон доданд.
Ба ҳайати ҳакамон бадеҳсароии донишҷӯи курси 3 Фараҳманд Каримов ҳамроҳи сарояндаи ансамбли эстрадии «Садои Суғд»-и назди Кохи фарҳанги ба номи Рӯдакӣ Гуласал Пӯлодова, рақс бо номи «Атлас» дар иҷрои гулдухтарони донишкада ва корманди Кохи Рӯдакӣ Нодира Ёқубова ва сюитаи овозию рақси таҳти унвони «Ваҳдатсарои Ватан» хеле писанд афтод.

Дар фарҷом ҳайати ҳакамон барои ташкилкунандагони чунин маҳфили зебо ба раёсати донишкада изҳори сипос намуда, қайд карданд, ки фестивал-озмуни «Хурӯши ҷавонӣ» дар Донишкадаи полтехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар сатҳи баланд доир гардида, аз миёни донишҷӯён чеҳраҳои нави фарҳангӣ дарёфт гардиданд.

Баргузории фестивал-озмуни «Хурӯши ҷавонӣ» дар дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус идома дорад.