Дар Муассисаи таълиммм давлатии Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вохурии вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд профессор Шарифзода Мумин Машокир ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар бо интихобкунандагони маҳаллаҳои Суғдиён ва Сайҳуни шаҳри Хуҷанд барпо гашт. Дар вохурӣ номбурдагон доир ба нуктаҳои Паеми Пешвои Миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Сипас аз тарафи интихобкунандагон пешниҳодҳо ва муроҷиатҳо пешниҳод шуд.
Ҳамчунин, бахшида ба фарорасии соли нави мелодӣ ба оилаҳои ниёзманд ва собиқадорони меҳнат туҳфаҳои солинавӣ ва маводҳои озуқаворӣ дастрас карда шуд.