Санаи 8-уми апрел дар маҷлисгоҳи «Маркази Фарҳанг»-и шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҳисоботи семоҳаи шӯъбаи кор бо ҷавонон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд барои ҷамъбасти семоҳаи аввали соли 2016 баргузор гардид, ки дар онмудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мукаррама Неъматова, мудири бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ва зиёда аз 100 нафар аъзоёни ҷавони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ширкат варзиданд. Дар маҷлис ҳисоботи мудири шӯъбаи ҷавонони кумиҷроия Фирдавс Каримбоев «Оид ба фаъолият дар давоми семоҳаи аввали соли 2016 ва вазифаҳои минбаъда» шунида шуд. Пас аз шунидани ҳисоботи 3 нафар аъзоёни фаъоли ҷавони ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба музокира баромада, фаъолияти кори Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-ро қаноатбахш ҳисобиданд ва якчанд пешниҳодҳо оиди фаъолияти минбаъда пешкаш намуданд. Инчунин ба ҳайати аъзои Шӯрои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Дар охир ба 10 нафар ҷавононе, ки қаблан ба унвони Раиси кумиҷроия ариза барои дохил шудан ба узвияти ҲХДТ пешниҳод карда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.