Бо мақсади дар амал татбиқ намудани стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо  экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ва пешгирии ҷавонон аз шомилшави ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарои дар  КИИ "Сомон"  филми ҳуҷҷатии "ХИЁНАТ" ба навор гузошта шуд.

Сараввал муовини декан оид ба корҳои тарбия Ҷамолов С.Н. баромад намуда таъкид намуданд, ки терроризм, экстремизм, хиёнат, иғво, кушиши табадулоти давлатӣ ва амсоли инҳо аз амалҳое мебошанд, ки дар ҳар шакле ва дар ҳар давру замон таърих онҳоро намебахшад. Ба ин амалҳои пасту разилона бошад, танҳо гурӯҳу ташкилотҳое даст мезананд, ки мақсаду ниятҳои нопок дошта, дар фикри халалдор кардани зиндагии осоиштаи мардум ҳастанд. Ва мо - ҷавонон бояд бо ин кирдорҳои нохалафона шадидан мубориза барем.