Дар муассисиаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 –и шаҳри Хуҷанд бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар мувофиқа бо шуъбаи маорифи шаҳр вохӯрии Раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар   бо хонандагони синфҳои болоии муассиса  ҷиҳати пешгирии наврасон ва ҷавонон ба шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ доир гардид.

Дар суханронии Маликисломӣ Наим Мунаввар таъкид гардид, ки тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризм падидаҳои манфӣ буда, бо ҳам робитаҳои сабабӣ доранд, чунки тундгароӣ омили пайдоиши ифротгароӣ буда, дар навбати худ сабаби пайдоиши тазоҳуроти террористӣ мебошад. Махсусан дар ин бора Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки масъалаи «мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ» ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад. Мутаассифона, доираҳои муайяне дар ҷаҳони муосир мавҷуданд, ки дар ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳо даст дошта, бо ин роҳ мехоҳанд, ҳадафҳои иқтисодии худро пиёда созанд. Ин гурӯҳҳо маҳз аз заифии дониши дунявию динии мардум истифода намуда, зери шиори «ҷиҳод» сохтори мавҷудаи кишварҳоро фалаҷ карда истодаанд, ки аз ин вабои идеологӣ ягон давлат эмин буда наметавонад. Зеро технологияи муосир пайвандгари ин равандҳо мебошад. Дар натиҷаи чунин амалиётҳои ифротгароӣ бо номи исломиён шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида, нисбат ба дини мубини ислом ҳисси бадбинии мардуми ғайримусулмонро ба вуҷуд меорад”. Бо мақсади пешгирии фаъолияти экстремистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсису бақайдгирӣ ва амалкардани ташкилотҳои экстремистӣ ё созмонҳое, ки ба экстремизм мусоидатмекунанд, тарғиби экстремизм ва паҳн кардани маводи экстремистӣ манъ аст.

Чунин вохӯриҳо дар ҳамаи мактабҳои шаҳри Хуҷанд давом дорад