Ба муносибати наздик омадани Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки масъулини ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар назди кумиҷроияи ибтидоии «Истиқлол» мизи мудаввар дар мавзӯи “Ваҳдат сарчашмаи сулҳу субот” баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ширкат варзида, аз ҷумла изҳор дошт, ки бузургтарин  дороӣ ва дастоварди миллати тоҷик дар даҳсолаи охири асри 20 сулҳ ва ризояти миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ваҳдати миллӣ сарчашмаи бахту саодат, якдигарфаҳмӣ, омили муҳими першафт ва инкишофи давлату давлатдории миллӣ, рушду инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар мебошад.

Дар мизи мудаввар Зулфия Умарова - котиби кумитаи иҷроияи ибтидоии “Истиқлол” дар мавзӯи “Ваҳдат беҳтарин дастоварди истиқлолият” ва аъзои ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии Абдураҳмон Ҷомӣ дар мавзӯи “Ваҳдат сарчашмаи сулҳу суботи кишвар” маърӯза намуданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ иштирокчиён аз ташкилотҳои ибтидоии Наврӯзгоҳ , Марворид, Аловиддин Бобоев оиди сулҳу суботи кишвар минатдории худро ба сарвари давлат баён  намуданд.