Оила рукни асосии ҷомеа маҳсуб меёбад ва аъзои он бо солимиву фаъолнокии худ ба ҷамъият ва давлат нафъи зиёд меоварад. Оила ва оиладорӣ пеш аз ҳама дар асоси ишқи пок ва садоқату вафодорӣ устувор аст. Дар зиндагии оилавӣ сабру таҳаммул ва муросову мадоро мавқеи муҳим дорад.

Мақоми оила дар ҳар давру замон баҳри пешбурди ҷомеа, муайян намудани сатҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҳар халқу миллат аҳамияти хоса дошт ва дорад.

Оила рукни муҳими давлатдорӣ буда, давлат ҳамаҷониба ба устувории оила, бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббат ва эҳтироми ҳамдигарӣ, ҳисси масъулияти баробарии аъзои оила, ташаккул ва таъмин намудани ҳуқуқу ўҳдадориҳои онҳо, махсусан кўдак манфиатдор мебошад.

Мустаҳкаму пойдор гардонидани оила боиси устуворию пурқувватии давлату миллат ва ҷамъият буда, тавассути оилаю оиладорӣ мо метавонем, беҳтарин анъанаю одатҳоро идома дода, худшиносии миллиро дар дили аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон, ҷойгир намоем.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи оила Конференсияи илмӣ - адабиро таҳти унвони «Оила саодати зиндагист» баргузор намуд, ки дар он занони фаъол ва оилаҳои барӯманд ширкат варзиданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ дар оғози конференсия ҳамаи иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Оила табрику муборакбод намуда, баён дошт, ки давлат ва оила бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд ва оилаи солим аз зану шавҳар иҷрои вазифаҳои ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ, иқтисодию маишӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сабру тоқат, андеша, эҳтироми якдигар ва тарбияи фарзандонро талаб мекунад.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода Абдуғаффорӣ аз номи роҳбарияти кумиҷроияи вилоятӣ ҳамаи иштирокчиёнро ба муносибати рӯзи оила табрику муборакбод намуда, аз дастгириву пуштибониҳои давлату Ҳукумат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.

Сипас, аз ҷониби Директори хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд Хоҷазода Хуршедахон дар мавзӯи «Оила саодати зиндагист», намояндаи суди шаҳри Хуҷанд Маъруфзода Некрӯз Нарзулло дар мавзӯи «Оила пояи давлат», намояндаи Таваллудхонаи вилоятӣ Ёқубова Насиба дар мавзӯи «Оилаи солим, ҷомеаи солим» маърӯзаҳои пурмазмун пешкаши итирокчиёни конференсия карда шуд.

Дар охири чорабинӣ аз ҷониби раиси кумиҷроия ба 4 оилаҳои ниёзманди шаҳри Хуҷанд ҳамчун ёрии молиявӣ маблағҳои пулӣ дода шуд.

Ҳамчунин, дар вазъияти тантанавӣ ба 6 нафар шахсони арзанда, ки қаблан барои дохил шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.