Ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ, ки ҳамасола санаи 22-юми сентябр таҷлил мешавад, дар китобхонаи Донишгоҳи давлати Хуҷанд бо ибтикори кумитаи иҷроияи ибтидоии ба номи Бобоҷон Ғафуров ва ташаббуси роҳбарияти китобхона дар ҳамбастагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони “Созандагони Ватан”-и шаҳри Хуҷанд миёни донишҷӯёни муассисаҳои олии шаҳри Хуҷанд  озмуни «Рӯдакихонӣ» баргузор карда шуд.

Ҳайати доварон, ки аз устодони соҳибзавқи донишгоҳ номзадони илм Дилбар Самадова ва Шарифҷон Тоҷибоев иборат буданд, ба ҳунари шеъргӯйӣ, ҳифзи ашъори шоир, интихоби матни иштирокчиён баҳои баланд доданд.

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки бо гузашти чандин қарн донандагони осори гаронмояи ин қофиласолори назми оламгир зиёд мешаванд.

Давоми ду рӯз ғолибони озмун муайяну онҳо бо тӯҳфаҳои таъсиснамудани кумитаи тадорукот сазовор қадршиносӣ мешаванд.