Машварати навбатии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов бо мудирони кӯдакистонҳои шаҳр баргузор гардид. Раиси Кумиҷроия доир ба масъалаҳои дохилиҳизбӣ вобаста ба бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ доир ба зиёд намудани сафи аъзоёни ҳизб аз ҳисоби шахсони арзанда, корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба муваффақиятҳои мамлакат дар даврони истиқлолият, иштироки фаъолонаи аъзоёни ҳизб дар чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ, иҷроиши ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ва дигар масъалаҳо фикру ақидаҳои худро баён намуда, оид ба ҳалли масъалаҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дод. Дар хотима иштирокчиёни машварат доир ба масъалаҳои зикршуда фикру ақидаҳои худро иброз намуда, ба саволҳои худ посухи мушаххас гирифтанд.