Боиси ифтихор ва сарбаландии мо ҷавонон аст, ки Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ сиёсати давлатии ҷавононро яке аз самтҳои афзалиятнок меҳисобанд. Ин аст, ки сол аз сол сафи ҷавонон дар вазифаҳои сатҳи роҳбарикунанда зиёд гардида, таваҷҷуҳ ва ғамхории роҳбарияти олии кишварро тамоми ҷавонон эҳсос мекунанд. Таъсис додани степендияи Президентӣ, шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Президент, эълон гардидани соли 2017- Соли ҷавонон ва даҳҳо мисолҳои дигар далели гуфтаҳои боло мебошанд. Аз ин рӯ, кулли сокинон, алалхусус ҷавононро зарур аст, ки аз Ватани соҳибистиқлоли худ шукрона намуда, барои рушду шукуфоии миллат тамоми қувваҳои худро равона намуда, дар амал Пайрави Пешвои миллат будани худро собит созанд.

Зиёд гардидани стипендияҳои донишҷӯёну магистрантон ва докторантон ба ҳаҷми 30%, ва пешниҳод намудани Пешвои муаззами миллат, ки ба хотири бештар ба омӯзиши илмҳои табии ҷалб кардани ҷавонону наврасон озмуни умумиҷумҳуриявии «Илм фуруғи маърифат» мо ҷавононро боз ҳам рӯҳбаланд гардонида зимни ин ғамхориҳо даҳчанд ҳаракат мекунем, ки қувваи пешбарандаи ҷомеа, нерӯи созанда ва ояндаи давлатӣ соҳибистиқлоли худ бошем.

 

 

Фирузхон Хочиев,

Сармуаллими Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан»