Бо ташаббуси кумитаи иҷроияи ибтидоии «Бобоҷон Ғафуров»-и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки устодони кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумии Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҷиҳати тадбиқи сиёсати оқилонаву инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалҳои хайру эҳсонкорӣ роҳандозӣ гардид.

Донишҷӯёни курси якуми факултети математикаи донишгоҳ ба Комплекси кӯдакистон - мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо барномаи махсуси фарҳангию тарбиявӣ табъи тарбиятгирандагонро болида намуданд.

Баъди қисмати фарҳангӣ аз ҷониби донишҷӯён ба кӯдакони имконияташон маҳдуд тӯҳфаҳо, аз қабили маводи хониш ва шириниҳо тақдим карда шуд.