Ба диёри зебоманзари мо боз баҳор омад. Иди Наврӯз, Иди бедории табиати афсункор, иди оғози кишту кори баҳорӣ, Иде, ки беҳтарин расму оинҳои халқи моро дар худ таҷассум кардааст.

Бахшида ба иди байналмиллалии Наврӯзи Аҷам дар ташкилоти ибтидоии «Пулод Толис»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабинии наврӯзӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ҳамаи омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и шаҳри Хуҷанд ва сокинони маҳаллаи «Сари Баландӣ» ширкат варзида, пухтани суманак, дастахони идона ташкил намуданд ва баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи консертӣ намоиш дода шуд.