Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи супоришҳои кумитаҳои иҷроияи Марказию вилоятии ҳизб ҷиҳати ба аҳолӣ расонидани дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ кормандони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо кормандони суди шаҳр бо сокинони махаллаи «Хуҷанд» мулоқот доир намуданд.

Дар мулоқот намояндагони ҳизб доир ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, хусусан ба истифода додани агрегатҳои якуму дуюми НБО Роғун суханронӣ намуданд. Ҳамчунин вобаста ба риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» гуфтугӯи озод баргузор шуд.