Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии назди кумиҷроия кору фаъолиятро дар самти корҳои дохилиҳизбӣ аз ҷумла зиёд намудани сафи аъзои ҳизб дуруст ба роҳ монда, кӯшиш бар он дорад, ки сафи аъзоёнро аз ҳисоби шахсони арзанда афзоиш диҳад.

         Яке аз ташкилоти ибтидоии беҳтарини ҲХДТ  ин ташкилоти ибтидоии «Таваллудхонаи вилояти Суғд» буда, сафи аъзоёни ҲХДТ дар ин ташкилот зиёда аз 200 нафарро ташкил медиҳад.

Рӯзи гузашта ба яке аз корманди таваллудхона, Ҳабиба Турсунова, ки қаблан барои дохил шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буд, аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Наим Маликисломов шаҳодатномаи ҳизбсупорида шуд.