Рӯзи гузашта дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ташкилотҳои ибтидоии «Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд» бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ – пояи сулҳ аст» баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ иштирок намуда, зикр дошт, ки дар натиҷаи хираду заковат, ҷаҳду талоши ватанпарастонаи Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи осоишта ҳаллу фасл намудани муноқишаҳои тарафайн пеши роҳи парокандашавии миллати тоҷик гирифта шуд, фирориён ба Ватан баргардонида шуданд, давлати тоҷикон аз вартаи ҳалокат берун оварда шуд ва мо ба марҳилаи кунунии сулҳу суббот расидем. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои тоҷикон иттиҳод, ягонагӣ, якпорчагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, амнияту осоиштагӣ, ифтихори миллӣ, ҳамзистии осоишта, ҷараёни бомароми созандагию ободониро дар кулли соҳаҳо ҳадя овард. Маҳз бо таҳкими сулҳу субот, ваҳдат дар сарзамини офтобии мо пойдор гашт, обрў ва эътибори миллати тоҷику давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро дубора баланд бардошт. Ин санади таърихӣ қутбнамои роҳи сулҳу ваҳдат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки барои наслҳои оянда ба ҳайси чароғи раҳнамо хизмат мекунад.

Сипас, дар мавзӯи «Ваҳдат беҳтарин дастоварди Истиқлолият» котиби кумитаи иҷроияи ибтидоии «Истиқлол» Зулфия Умарова ва дар мавзӯи «Ваҳдат рушду нумӯи давлат» муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Ӯғулой Умаралиева маърӯза намуданд.

Иштирокчиёни мизи мудаввар Шуҷоат Ҳасанова, Ҳамрохон Атаева, Хайринисо Темирова ва Ҳайдар Ишонқулов доир ба Ваҳдати миллӣ фикру андешаҳои худро иброз доштанд.