Тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказию Вилоятии ҲХДТ дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Аксияи «Мо китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-ро мехонем» дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди шаҳр идома дорад. Чунин як чорабинӣ дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ба номи академик Муҳаммад Осимӣ доир гардид. Чорабиниро раиси ташкилоти ибтидоии мазкур, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Сангинова ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла зикр дошт, ки мақсаду мароми ассосии Аксияи мазкур арҷгузорӣ ва ифтихор аз фарҳангу таърихи пурғановати гузаштагон, ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дўст доштани Ватан, ҳифзи марзу буми Ватан, далериву мардонагӣ, ваҳдати миллӣ, мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст омадани дастовардҳои даврони истиқлолият мебошад. Номзади илмҳои филологӣ Хайринисо Темурова зимни маърӯзаи худ қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои хеш гуфта буданд: «Гузаштаро наомухта, ҳаргиз имрӯзаро сохта наметавонем». Аз ин хотир барои шинохти миллати хеш ва аз таъриху тамаддуни он огоҳ будан вазифаи ҷонии ҳар як мо мебошад. Мо аз китоби пурарзиши «Тоҷикон»-и Бобоҷон Гафуров огоҳии комил дорем. Ин китоб моро ба сайри таърихи дуру дарози миллатамон мебарад. Аммо китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих», ки ба қалами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таалуқ дорад, бо диди нав, назари хосса ба қалам дода шудааст, ки дар сароғози ин шоҳкитоб омадааст: