Баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа, ҷиҳати тақвият бахшидан ва самаранок пеш бурдани фаъолияти ҳизбӣ, вусъати корҳои дохилиҳизбӣ, ба низом даровардани ҳуҷҷатгузорӣ, дар асоси фармоиши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 5 январи соли 2023 таҳти №1 ва фармоиши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз 5 январи соли 2023 таҳти №1 аз ҷониби мудири бахши умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Махфират Саидова санҷиши фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Нур” дар Маркази микроҷарроҳии чашм ба роҳ монда шуд.