Дар арафаи ин ё он ҷашнҳои миллӣ аёдати шахсони бемору барҷомонда, ятиму бепарастор, ниёзмандон ва дилшикастагон аҷру савоби бештар дорад. Тибқи дастури Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд санаи 23-уми феврал бахшида ба иди Артиши миллӣ вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Себзор №7 Наим Маликисломов истиқоматкунандаи маҳаллаи Чорчароғ, кӯчаи Раззоқи нав, хонаи №21 оилае, ки фарзанди худро дар вақти адои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ гум кардааст аёдат намуд.