Санаи 11 сентябри соли 2020 тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ташкилоти ибтидоии Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд ҷаласа оид ба фаҳмонидани моҳияти баргузории интихобот ва дар ин замина баланд бардоштани эҳсоси ифтихор ва  ҳуввияти миллии шаҳрвандон  бо иштироки сармутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Исмоил Латипов ва  устоди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров  Маҳмудова Н.С. баргузор гардид.

Ҷаласаро сардори Идора Ҳоҷарой Латифӣ  ҳусни ифтитоҳ бахшида, оид ба баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи пешазинтихоботии номзад ба мақоми Президенти Тоҷикистон сухани аввалро ба устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Маҳмудова Н. С. вогузор намуд.

Маҳмудова Н.С. баромади худро оиди интихобот ҳамчун падида ва раванде, ки дар ҷомеа ба вуҷуд меояд ифода намуд.

Сармутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Исмоил Латипов низ дар баромади худ оиди баргузории интихоботи дар пешистода фикру ақидаи хешро иброз дошта, оиди фаъолона иштирок намудани ҳамагон дар рӯзи интихобот даъват намуд.

Ҳоҷарой Латифӣ дар фарҷоми ҷаласа иштирокдоронро даъват намуд, ки рӯзи баргузории интихобот ба номзадии фарзанди фарзонаи миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона овози худро диҳанд.