Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии ситоди «Обуна - 2022” бо иштироки аъзои ситод, аъзои кумиҷроия ва фаъолони ҳизб доир гардид.

Раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Маликисломӣ Наим Мунаввар ҷараёни қабули обунаро натиҷагирӣ намуда, зикр дошт, ки дар ин самт корбарӣ ҷоннок карда шавад. Вобаста ба вусъати қабули обуна аъзоёни кумиҷроия муваззаф шуданд, ки дар ташкилоту муассисаҳо зарурати обнашавиро фаҳмонанд. Зеро нашрияҳои ҳизбӣ воситаи хуби иттилоърасонӣ ва минбари баёни андешаҳо маҳсуб меёбад.

Масъулони кумитаҳои иҷроияи ибтидоии “Сомон”, “Ииқилоб”, “Муҳаммад Осимӣ”, ташкилотҳои ибтидоии “Коллеҷи омӯзгорӣ”, соҳаҳои роҳу нақлиёт, савдо, сохтмон ва бонкҳо зимни ҷаласа аз оғози қабули обуна ва дар рӯзҳои наздик иҷро шудани меъёри обуна хабар доданд.

Раиси кумиҷроия аз кормандони дастгоҳи кумиҷроия ва аъзои кумиҷроия даъват ба амал оварданд, ки бо аъзоён бештар вобаста ба обуна корбарӣ намоянд.

Дар идомаи кори ҷаласа раиси кумиҷроия вобаста ба пардохти аъзоҳаққӣ, қабули аъзо, вусъати корҳо дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва баргузории хонишҳои сиёсӣ, насби шиору овезаҳо, кор дар самти махзани ягонаи ахбор, ҷоннок намудани корҳо байни бонувон ва ҷавонон, омодагии ба 30 – солагии Истиқлоли миллӣ ба ҳозирин дастуру супоришҳо дод.

Бо ҳамин ҷаласаи ситоди “Обуна – 2022” хотима ёфт.