Ҳар як ҷанги мусаллаҳонаи байни ҳар ду мамлакат ба ҳаёти осоиштаи тамоми минтақа таҳдид мекунад. Тибқи сенарияи бадтарин, чунин авҷ гирифтани низоъҳо ба мушкилоти ҳалнашавандаи дарозмуддат таҳдид мекунад, ки боиси қурбониёни зиёд, хусумати наслӣ дар сатҳи ҷомеа ва талафоти зиёди зербиноӣ барои минтақа мегардад.

Ноустувории минтақа метавонад ба давлатҳо таъсир расонад ва бо дарназардошти наздикии Толибон дар Афғонистон, ин метавонад як макони нав дар ин минтақаи бе ин ҳам оташгиранда шавад. Дар ҳоли ҳозир бар асари муноқишаҳои зиёд сокинони манотиқи наздимарзӣ бештар азият мекашанд.

Чунин шуд, ки халқҳои бародар — қиргизҳо ва тоҷикон чандин аср боз дар хамсоягӣ даст ба даст дода зиндагӣ мекунанд. Дӯстӣ, хешутабории тоҷикону қирғизҳо дар достони монументалии «Манас» тараннум шудааст.

Аз қадимулайём Тоҷикистону Қирғизистон — халқҳои ҳамсоя маҳкуми дустии абадӣ буданд. Моро на танҳо маданияту анъанаҳои умумӣ, муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ, балки иттиҳоди адабӣ ҳам бо ҳам алоқаманд буд ва мепайвандад. Шоирону нависандагони Тоҷикистон ва Қиргизистон на танҳо дар Осиёи Миёна, балки дар тамоми ҷаҳон сулху дустӣ ва ҳамраҳиро тараннум кардаанд.

Мисоли равшани дӯстӣ ва фаъолияти ҷамъиятиву сиёсии шоири маъруфи сулҳпарвари Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва нависандаи маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов мебошад. Ба гуфтаи Чингиз Айтматов, Мирзо Турсунзода аксар вақт дар сӯҳбатҳои хусусӣ ва ҷамъиятӣ такрор карданро дӯст медошт, ки қирғизҳо ва тоҷикон на танҳо ҳамсояи хуб, балки мисли хешу таборанд.

Бояд гуфт, ки дар таърихи инкишофи ду халқи қадимтарини Осиёи Миёна — тоҷикон ва қирғизҳо ҳам лаҳзаҳои мусбат ва ҳам муаммоҳо буданд. Аммо агар ба таърих амиқтар назар андозед, маълум мешавад, ки ин халқҳо дар ҳама давраҳои таърихӣ дар дӯстӣ ва ҳамсоягии нек зиндагӣ кардаанд. Таърих чангу задухурдхои байни халқҳои моро дар хотир надорад. Вақтхое буданд, ки сархадхои давлатӣ ба таври шартӣ кайд карда мешуданд, халқҳо оромона зиндагӣ мекарданд, ба хар ду тараф харакат мекарданд, ба чарогоҳҳо ва заминҳои корам озод дастрас мешуданд. Тавре муҳаққиқон А.Холикӣ ва Раҳимов Н.Т. менависанд: «Таърихи ташаккули сарҳадҳои ҷумҳуриҳои муосири Осиёи Миёна ба солҳои аввали Ҳокимияти Шўравӣ рост меояд, ки дар соли 1924 ҳудуди миллию ҳудудӣ гузаронида шуда буд.

Ҳангоми наздик шудан ба ҳалли ҳодисаҳои сарҳадӣ ба ҷои бор кардани манфиатҳои як тараф ба тарафи дигар, ба эҷоди як ризоияти демократӣ мусоидат кардан ва бо ин роҳ аз хушунат ба таври куллӣ халос шудан муҳим аст. Пеш аз ҳама, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатиро ба анҷом расонида, масъалаҳои марбут ба қаламравҳои баҳсбарангезро ҳал кардан лозим аст. Мо бояд кӯшиш кунем, ки сулҳу субот дар минтақаамон пойдор бошад. Мо, мардуми Осиёи Марказӣ, барои субот ва сулҳи худ дар минтақа масъулем. Мардуми тоҷик бо сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ният доранд, ки принсипҳои неки ҳамсоягӣ ва дӯстиро устуворона риоя кунанд.

 

Тошматова М.Д. – дотсенти кафедраи

 иқтисоди ҷаҳонӣ

аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд