Дар ташкилоти ибтидоии ба номи Абдулқосим Фирдавсии назди кумитаи иҷроияи ибтидоии “Истиқлол”  ҷараёни ободкориву созандагӣ мутобиқ ба дастури кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома доранд. Ободу гулпӯш намудани саҳми бинои ташкилот бо қувваи аъзоёни фаъол дар рӯзҳои истироҳатӣ идома дошта, наздики 200 ниҳолони ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ дар саҳни бино ва дар кӯзаҳо шинонида шуданд. Алҳол панҷарабандии атрофи ташкилот идома дорад, ки ин тадбир ба хотири ҳифзи муҳити зисти муассиса роҳандозӣ гардидааст.