Мувофиқи нақша чорабинии якчояи шуъбаи маориф, комиссарияти ҳарбӣ, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бахшида ба  эълон гаштани соли 2017 – «Соли ҷавонон» ва 24 солагии таъсисёби Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қисми низомии 3501-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҷавонони синни то даъватии ҳарбӣ бо сарбозону афсарон баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ зиёда аз 200 нафар хонандагони синфҳои болои макотиби шаҳр иштитрок намуда, аз шароити зист, ошхона ва лавозимоти ҷангии  сарбозону хизматчиёни ин қисми низомӣ дидан ошноӣ пайдо намуданд. Мақсади баргузории ин шиносоӣ бевосита баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон, ҳамчунин беҳдошти тарбияи ҳарбӣ-варзишии ҷавонон аст.