Тибқи нақшаи муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд дар толори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд вохӯрии гурӯҳи тарѓиботӣ бо донишҷӯёни Коллеҷи мазкур, Литсейи касбӣ – сохтмонии №31 ва хонандагони синфҳои болоии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳр таҳти унвони «Хизмат ба Ватан рисолати ҷавонмардист» бахшида ба 30 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суѓд Азиза Мирзохоҷаева, муовини раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Муҳаббат Ӯрунбоева ва аъзои гурӯҳи тарѓиботӣ Зеварой Бобоева иштирок намуда, оид ба пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулгароӣ, баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ суханронӣ намуданд.