Бо мақсади фаҳмонидани афзалиятҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “«Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»” суҳбату мулоқотҳои кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  бо сокинони маҳаллаҳо идома дорад.

Чунончи дар кумитаи маҳаллаи “Мевагул”-и шаҳри Хуҷанд бо  иштироки аҳли маҳалла чунин вохӯрӣ  доир шуд.

Муҳаббат Ӯрунбоева, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар баромадаш қайд намуд, ки роҳандозии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» имкон фароҳам овард, ки бо фарҳанги сариштакории худ мардум вазъ иҷтимоии худро беҳтар намуда, барои таҳкими оиладории худ саъю талош варзанд. Ҳамзамон бо ин васила таассубу хурофотпарастӣ ба андозае аз байн бардошта шуд.

Заррина Манонова, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд зимни суханронии худ баён кард, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” волидонро дар тарбияи дурусти фарзандон беаҳамият намегузорад. Тибқи ин қонун волидон ба амалҳои ғайриқонунии фарзандон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Аз ин хотир аксар волидон баъди қабули қонуни мавриди назар  дар таълиму тарбияи фарзандони худ диққати махсус доданд. Агар волидон дар оилаи хуб тарбия гирифта бошанд ва саводи хуб дошта бошанд онҳо кӯшиш мекунанд, ки фарзанди худро низ боодобу  ботамиз ба воя расонанд. Беҳуда нагуфтаанд фарзанди нек боғи падар, фарзанди бад доғи падар. Фарзандоне, ки дар оила тарбияи хуб ёфтанад кӯшиш мекунанд то дигарон низ дар чунин роҳ ба воя расанд. Аз қабули қонуни мазкур  “Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” муддати зиёд гузашта бошад ҳам, мушоҳидаҳо собит месозад, ки иддае аз волидон дар тарбияи фарзандон ҳоло низ беаҳамияти мекунанд. Беаҳамиятии онҳо то ҷое мерасад, ки фарзандони онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ шомил мешаванд ва ҳаёти худро зери хатар мегузоранд. Бояд мо аз моҳияти ҳизбҳои иртиҷоӣ аҳли ҷомеаро ҳушдор созем. Нагузорем, ки дар мафкураи ҷавонон андешаҳои ифротӣ ҷо шавад.

Сокинони маҳалла аз татбиқи қонунҳои мазкур изҳори хушнудӣ намуда, баён доштанд, ки барои таҳкими қонунҳои мазкур минбаъд низ фаъолияти бомаром хоҳанд бурд.