Санаи 26 августи соли 2016 дар толори бошукӯҳи Қасри таърихии Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилоят баргузор гардид. Машваратро бо сухани муқаддимавӣ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ифтитоҳ намуда, аз ҳадафи баргузории чорабинӣ, эътибори давлату ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф, дастовардҳои маорифчиёни вилоят ҳарф зада, кормандони соҳаро ба ифтихори фарорасии ҷашни мубораки миллӣ 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, барои омӯзгорон дар соли нави таҳсили 2016 2017 муваффақияту дастовардҳои нек таманно намуд. Дар машварат дар вазъияти тантанавӣ китоби «Ҳизби ормонҳои халқ», ки муаллифи он номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ӯғулой Умаралиева мебошад, соҳиби Ҷоизаи ба номи «Бобоҷон Ғафуров» гардид. Ба истиқболи 25-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди ҷашни таъсисёбии ҳизби қудратманди кишвар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нашр шудани китоби устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, номзади илмҳои суханшиносӣ, дотсент, Ӯғулой Умаралиева таҳти унвони «Ҳизби ормонҳои халқ» бисёри фоли нек буда, хонандаро аз фаъолияти дирӯзу имрӯзи ҳизби воқеан ҳам мардумӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ошно месозад. Бояд гуфт, ки ин китоби сеюмини муаллима дар мавриди инъикоси фаъолияти ҳизб буда, дар ин китоби худ муаллиф кӯшидааст, паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти ҳизбро дар мисоли кумитаи иҷроияи шаҳри Хуҷанд ба хонандагон расонад. Китоб аз 3 боб иборат буда, муаллиф сараввал дар бораи қадру манзалати соҳибистиқлолии кишвар чанд ҳарфи пур аз муҳаббат гуфтааст. Аз ҷумла дар китоб омадааст, ки ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки мо бештар рӯ сӯи тамаддуни худ биёварем, арзишҳои миллии худро ҳифз намоем ва ба ҷаҳониён исбот созем, ки миллати тоҷик дорои фарҳанги бой, шеваи равону содда ва таърихи қадима дорад. Муаллиф дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварро ба хиради азалии шахрвандон ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, ҷавҳари худшиносии мардумро аз эҳё гардидани расму оинҳои мардумӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Наврӯзи байналмилалӣ арзёбӣ намудааст. Муаллиф дар баёни паёмҳои Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон овардааст: «Паёми навбатӣ давоми мантиқии Паёмҳои қаблӣ буда, дар он рушди иқтисодиёти кишвар дар динамикаи таъмин ва инкишофи се ҳадафи асосии кишвар роҳандозӣ гардидааст. Яъне, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан, аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши неруи барқ ва аз амнияти озуқаворӣ ба дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат гузаштан мебошад». Муаллиф Паёми ҳарсолаи Сарвари давлатро чун ҳуҷҷати раҳнамоӣ дониста, амалишавии бандҳои онро барои пешрафти кишварамон муҳим арзёбӣ намудааст. Уғулой Умаралиева дар мавриди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар китоб овардааст, ки ба майдони сиёсат ворид шудани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо номи Ҳизби Халқии Тоҷикистон маҳз самараи Истиқлол аст. Ва ҳамаи мо хуб медонем, ки он бо чи гуна машаққату ҷонбозиҳо рӯи кор омад. Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз он ки вазъияти сиёсии кишвар каме рӯ ба эътидол омад, ба чунин қарор омаданд, ки бояд ниҳодеро созмон диҳем, ки аз умқи дили шаҳрвандон бохабар бошад, нерӯи тавонову ба сарҷамъии сокинон асос гузорад. Ахиран тавре дар боло ёдрас намудем Ҳизби Халқии Тоҷикистон ташкил гардид ва дар муддати мадиде нафарони содиқи Ватан шомили он гардиданд. Дертар бо мақсади ҷавобгӯ шудани ҳизб ба рукнҳои демократия ба ҳизб калимаи демократӣ зам гардид. Дар идомаи китоб муаллиф аз амалҳои созандаи ҳизб бобати баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ошно кардани сокинон бо дастовардҳои даврони Истиқлол ва шиори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Бо халқ барои саодати халқ» ҳарф зада, саҳми ҳизбиёнро дар тарғибу ташвиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бузург арзёбӣ намудааст. Номбурда ҳамзамон дар китоб нақши занони ҳизбиро дар ҳамбастагиву сулҳу суббот, таъмини зиндагии шоиста, ободии оилаҳо калидӣ дониста, бо мисолҳои мушаххас зикр кардааст, ки чи тавр бо иқдоми кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд гурӯҳи корӣ бо номи «Муросо» созмон дода, дар созиши беш аз 30 оилаҳо саҳмгузорӣ намудааст. Муаллиф дар бораи сулҳи ба даст омада ва ваҳдати миллӣ низ дар китоб мисолҳо оварда аз ҷумла таъкид кардааст, ки маҳз имзои Созишномаи мазкур ва оштии миллӣ буд, ки ҷанги мудиҳиши шаҳрвандиро паси сар намуда, бори дигар ба ҷаҳониён собит намудем, ки тоҷикон ба дасисаҳои ашхоси бадкинаву бадғараз дода намешаванд ва агар лозим ояд Ватани азизро аз ҳар гуна бадхоҳиҳои адӯ бо тану ҷон муҳофизат мекунанд. Пешвои тоҷикони ҷаҳон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархақ изҳор доштаанд, ки: «Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад». Ин буд, ки баъди ба даст омадани сулҳи комили тоҷикистониён, ваҳдатофарии мардуми моро ҷаҳониён ҳамчун намунаи нодири ба даст овардани суботу оромӣ арзёбӣ карданд. Ва то ба имрӯз чунин таҷрибаи камназир аз ҷониби халқиятҳои гуногуни олам дар ҳоли омӯзиш қарор дорад. Дар ин бобат собиқ Муншии умумии Созмони Миллали Муттаҳид гуфта буд, ки тоҷикон намунаи беназири сулҳро ба мамолики дигар ҳадя намудаанд. Пас, имрӯз моро зарур аст, ки чунин армуғонро ҳифз намоем. Зеро мо масъул ҳастем ваҳдату ягонагии миллатамонро барои ҳамешагӣ таъмин намуда, дар баробари ин онро ба наслҳои ояндаамон мерос гузорем. Ӯғулой Умаралиева дар фуроварди китоб аз амалҳои шоистаи роҳбарони кумитаи иҷроия шурӯъ аз соли 1998 то кунун сухан ронда, фаъолияти ҳизбиёнро дар пешрафти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва маънавиёти шаҳр нек арзёбӣ намудааст. Дар такя бо собиқадрони меҳнату ҷавонони бонангу ори шаҳр фаъолияти ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд сол аз сол густариш ёфта, чун дастгир ва мутаккои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд унвон гирифтааст. Китоби мазкур як дастури раҳнамоист ба шаҳрвандони вилоят оиди таърихи таъсисёбии ҳизб дар шаҳри Хуҷанд ва амалҳои шоистаи ҳизбиён дар мавриди сулҳу суботи ҷомеа. Ба муаллиф дар эҷоди дигар асарҳои пурарзиш барор хоҳонем.