Дар маҷлисгоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохўрии муҳассилин ва омўзгорон бо намояндагони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати баррасии масъалаҳои муқовимат бо коррупсия, фароҳам овардани фазои оштинопазир бо зуҳуроти коррупсионӣ ва пешгирии шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ баргузор гардид. Ба он ректори навтаъини донишгоҳ, узви Раёсати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Мумин Машокир ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки айни замон ба шарофати сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои беш аз пеш муассиртари пешгирии ҳамагуна фасодкориҳо, дар навбати аввал ришвахорӣ, рўй овардани насли наврас, бахусус ҷавонон, ба роҳҳои номатлуб, решакан амалӣ гардонида мешаванд. Шоистаи қайд аст, ки дар ин ҷода  кормандони сохтори марбутаи соҳа саҳми рўзафзун мегузоранд.

-Ба роҳи рост ҳидоят намудани ҷавонон, эмин доштани онон аз таъсироти манфии рўзгори пурталотуми муосир, бештар аз ҳама, ба ҷаҳду талошҳои пайвастаи омўзгорон иртиботи ногусастанӣ касб кардааст,- изҳор дошт Қодирҷонзода Абдуҷалол Қодирҷон- сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд.- Аз ин хотир, давлат ва ҳукумати кишвар барои бемайлон баланд бардоштани мавқеи коркунони маориф чораҳои таъхирнопазир меандешанд ва барои тадриҷан таҳким бахшидани асоси моддию техникии муассисаҳои таълимӣ шароитҳои зарурӣ фароҳам месозанд.

Номбурда бо камоли эътимод изҳор дошт, ки муқовимат алайҳи фасод асоси сиёсати роҳбарияти кишварро ташкил медиҳад, чунки коҳиш бахшидани коррупсия гарави аввалиндараҷаи амнияти миллии мо ба шумор меравад.  Аз ин ҷост, ки Тоҷикистон кайҳо инҷониб аз зумраи аъзои фаъоли созмонҳои байналмилалии муқовимат бо коррупсия эътироф гардидааст. Дар мамлакат  Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020 муваффақона амал менамояд. Ин ҳуҷҷати муҳим тақозо менамояд, ки баробари мубориза бо падидаҳои номатлуб, аз қабили ришвахорӣ, гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ба пешгирии онҳо эътибори рўзафзун додан талаби айём мебошад.  Ин нуктаро Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шўрои миллии муқовимат бо коррупсия, ки таҳти раёсати эшон чанде пеш дар пойтахти мамлакат баргузор шуд, бори дигар ба самъи ҳамагон расониданд. Сарвари давлат аз мавқеи феълии Тоҷикистон, ки айни замон дар байни мамлакатҳои серфасоди ҷаҳон то андозае паст рафта,  дар зинаи 52-юм қарор гирифтааст, боз изҳори нигаронӣ намуданд. Ҷаласаи Шўрои миллӣ барҳақ зарур донист, ки мақомоти марбута, созмонҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ҳар фарди солимфикри кишварамон бояд ба хотири решакан сохтани фасодкорӣ дар тамоми  соҳаҳои хоҷагии халқ худро масъул ҳисобанд ва ба ҳайси неруҳои сарнавиштсози пешгирии амалҳои номатлуб хизмати шоиста ба ҷо оваранд.

Аз гузориши нозири шуъбаи пешгирии коррупсияи  Раёсати Агентии  назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зарифзода Ҳошимҷон Юсуфӣ маълум гардид, ки ба туфайли андешидани тадбирҳои ибратпазир  дар соҳаи маориф сатҳи фасодкорӣ то андозае рў ҷониби камшавӣ ниҳодааст. Дар ин бобат далелҳо низ гувоҳӣ медиҳанд: соли сипарӣ аз ҷониби кормандони раёсати агентӣ дар муассисаҳои таълимии вилоят 19 ҳодисаи ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта шуда буд; дар семоҳаи аввали соли равон ҳамагӣ 3 ҳодиса ошкор гардидааст, ки аз ҳамин давраи порсола хеле кам мебошад. Боиси қаноатмандист, ки тибқи шаҳодати нозири мазкур, дар раёсати агентӣ ягон навъи қонуншиканӣ  аз ҷониби омўзгорон ва муҳассилини ДДҲБСТ ба қайд гирифта нашудааст. Хулосаи матлубе ба самъи ҳозирин расонида шуд, ки дар донишгоҳ раванди таълиму тарбия ба талабот ҷавобгў буда, муҳассилин ба шарофати хониши хуб ҳарчӣ бештар ба маҳдуд гардидани заминаҳои фасодангез муяссар мешаванд.

Амрулло Юлдошев, Абдулло Рўзиев- донишҷўёни факултаи бизнес ва идоракунӣ, Мирзоқодир Қодиров - устоди факултаи ҳуқуқшиносӣ ва дигарон перомуни умдатарин масоили пешгирии коррупсия изҳори назар карда, ба  шахсони масъули ниҳоди муқовимат алайҳи коррупсия саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Ректори донишгоҳ Шарифзода М.М. ба меҳмонон барои оростани суҳбати пурмуҳтаво перомуни масоили доғи рўз изҳори сипос карда, ба ҳозирин бори дигар таъкид намуд, ки ба зуҳуроти коррупсионӣ ба ҳеч ваҷҳ бетарафӣ набояд кард. Алайҳи он дар ҳама ҷо ва ҳамеша муборизаи беамон бурдан қарзи шаҳрвандии ҳар соҳибватан аст.