Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад, тероризм зуҳуроти мураккаб буда, саҳифаҳои таърихи инсоният ҳеҷ гоҳ аз амалҳои зишти террористон холӣ набудааст. Мавқеияти сиёсӣ ва иҷтимоии он ба ҷанбаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ҷаҳонбинӣ пайвандӣ дорад. Он тӯли таърих дар миёни пайравони динҳои гуногуни яҳудӣ, насронӣ, ислом, ҳиндуизм, буддоӣ ва сикҳ вуҷуд доштааст. Имрўз тарзу шеваи муборизаи террористон тағйир ёфтааст. Онҳо аз усули “Гурги якка” истифода намуда, бо ёрии корд ё воситаи нақлиёт даст ба одамкушӣ мезананд. Усул ё амали террористии “Гурги якка”- ро пешакӣ муайян кардан ниҳоят душвор аст.

Миллати тоҷик аз қадиммуллаём ҳамчун халқи бофарҳанг, баору номус ва заҳматкаш шинохта шудааст. Ҳарчанд ин миллати қадима дар ҳар давру замон ҷониби гурӯҳу шахсони ифротгар амалҳои носазоро дидааст вале устувор дар роҳи худ мондааст. Аз пайдо шудани гурӯҳҳою ифротгарон фарҳанги дарии покро аз даст надодааст.Мо низ чунин фарҳангу тарихи бузурги худро бо нематҳои бои Ватанро эҳтиёт кунем. Таҳдиди терроризми байналхалқӣ мамлакатҳои гуногунро маҷбур мекунад, ки дар мубориза ба муқобили он муттаҳид шаванд.

Бо таваҷҷўҳ ба ин ҳолат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон оид ба мураккабиҳои ҷаҳони муосир, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард”, васеъшавии ҷуғрофияи низоъҳо ва нооромиҳо изҳори нигаронӣ карда, таъкид карданд, ки Тоҷикистон дар самти муборизаи самарабахш бо хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ шарики табиии ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор буд ва боқӣ мемонад.

Бинобар ин бо назардошти масъалаи матраҳгардида мо бояд бар зидди равияҳои номатлуб ҳамакаса муборизаи беамон бурданамон лозим аст. Имрўз аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон бояд, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодии халқу мардумро пос дошта, барои боз ҳам пешрав шудани обрӯю нуфузи Ватани худ кӯшиш намоянд. Равияҳои номатлубу ифротгаро бояд пурра аз рӯи замин решакан шавад, то ки минбаъд зиндагии орому осудаи аҳли сокинони рӯи замин халалдор нашавад. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоишта, алалхусус занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мешавад.

Терроризм яке аз роҳҳои ба амалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатзо ва тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад.

Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона - расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад. Имрӯз бераҳмию ваҳшонияти гурӯҳи террористии ба ном "Давлати исломӣ", ки амалу кирдори онҳо мардуми сайёраро ба таҳлука овардааст, наметавонад ҷомеаи ҷаҳонро бетараф гузорад. Ашхосе, ки ба чунин рафтори ҷоҳилона қодиранд, миёни мардум ҳастанд ва чеҳраи манфури худро зери ниқоби нафарони хайрхоҳу боимон пинҳон медоранд. Онҳо ба ҳама ҷо, мусофирбару қатора, киштиву ҳавопаймо, идораву корхона, кӯчаву хиёбон роҳ ёфта, ҳадафҳои худро пиёда месозанд, онҳоро шинохтан ва аз мақсадашон огоҳ гардидан хеле мушкил аст. Cозмону ҳаракат ва гурӯҳҳо, аз қабили "Ал-Қоида", "Ҷундуллоҳ", "Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон", "Ҷиҳоди ислом", "Ҳаракати Толибон", "Ансоруллоҳ", "Ҳизб-ут-Таҳрир" ва амсоли инҳо, ки аз ҷониби як қатор давлатҳо ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, бо густурда намудани фаъолияти худ ва анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона мехоҳанд нуфузу эътибори худро боло мебардоранд, ки мо ба ин гурӯҳою ҳаракатҳо роҳ надиҳем. Махсусан, ба ҷавонон ва бо таълиму тарбия фаро гирифта шудани онҳо ва азхуд кадани касбу ҳунар таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуд. Қурбони терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифратор ва гуруҳҳои терроризмро биёмўзанд ва барои дафъи он кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Имрўз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрўза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.

Дадобоев А.И.

аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

ДПДТТХ