Дар толори Маркази эндокринологии вилояти Суғд бо иштироки аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилотҳои ибтидоии “Ҳаёт” ва “Раҳнамо”, ки кормандони Маркази саратоншиносии вилояти Суғд ва Маркази эндокринологии вилоятро сарҷамъ намудаанд, оид ба ташвиқу тарғиби Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти Раиси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ва аъзои гурӯҳи тарғиботии назди кумиҷроия Саодат Аминҷонова доир гардид.

Мулоқотро директори Маркази эндокринологии вилояти Суғд Алишер Набиев ҳусни оѓоз бахшида, мақсади баргузории онро шарҳ дод.

            Сипас, Раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Бахтиёр Исматҷонов ва ва аъзои гурӯҳи тарғиботии назди кумиҷроия Саодат Аминҷонова доир ба нуктаҳои Паёми Пешвои миллат суханронӣ намуданд.

 Зимни баромад қайд гардид, ки  Ҳукумати  мамлакат, бо дарназардошти он, ки саломатии мардум шарти муҳимтарини пешрафти мамлакат мебошад, ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба тандурустии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Барои бехатарии солимгардонии  маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаи осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробономонда, ойлаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳо саривақт амалӣ шуда истодааст.

Ҳамчунин, дар машварат доир ба нуктаҳои Паёми Сарвари давлат андешаҳи директори Маркази саратоншиносии вилояти Суғд Бахтиёр Орипов шунида шуд.