Бо назардошти наздик омадани оғози соли нави хониш, Рӯзи Дониш, Дарси Сулҳ ва ҷашни мубораки 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  санаи 27-уми август бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва  раисони кумиҷроияву ташкилотҳои ибтидоӣ ҷаласаи машваратии назди раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар доир гардид.

Дар рафти маҷлиси машваратӣ асосан масъалаи омодагӣ ба ҷашнҳои дарпешистода баррасӣ шуд.

Наим Маликисломӣ баъди тариқи саволу ҷавоб огоҳ шудан аз рафти иҷрои супоришҳо бо нақшаи чорабиниҳои ҷашнии кумиҷроияи шаҳрӣ, кумитаҳои иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Масъулин вазифадор шуданд, ки барои дар сатҳи баланд ташкил намудани чорабиниҳои нақшавӣ ва баланд бардоштани обрӯю мақоми ҳизб дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои мушаххас андешанд. Вобаста ба ин масъала фикру андеша, таклифу пешниҳоди иштирокчиёни маҷлис шунида шуд ва онҳо ба саволҳояшон посухи мушаххас гирифтанд.

Маҷлиси машваратӣ бо вазифагузории раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ба анҷом расид.