Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд кормандони кумиҷроия ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои Барномаи амали ҲХДТ дар самти соҳаи тандурустӣ, ташвиқу тарғиби ғояҳои созандаи ҳизб, фаҳмондадиҳии дастовардҳои замони истиқлолият, иҷрои саривақтии нақшаи «Обуна-2016» ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ бо масъулини ташкилотҳои ибтидоии соҳаи тандурустӣ сӯҳбат оростанд. Инчунин, зимни вохӯриҳо таъкид карда шуд, ки ҲХДТ бо мақсади дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ва тайёр кардани муттахассисони соҳибкасби соҳаро аз ҷумлаи иқдоми зарурӣ медонад. Бинобар ин аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар соҳаи тандурустӣ кору фаъолият менамояд бояд ҷиҳати амалӣ гардидани чунин ҳадафҳои созандаи ҲХДТ камари ҳиммат баста, барои рушди минбаъдаи соҳаи тандурустӣ саҳми назарраси худро гузоранд.