Тибқи дастуру супоришоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва мувофиқи нақшаи фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»- и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд имрӯз бахшида ба Соли ҷавонон ва Рӯзи «Созандагони Ватан» дар маҷлисгоҳи хурди факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров бо иштироки устодон ва магистрантон конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Забондонӣ – ҷаҳондонист!» баргузор гардид.

Дар конфронс сараввал декани факултети забонҳои хориҷӣ номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдуллоева М.А ва номзади илмҳои филологӣ, дотсент Бойматов А. суханронӣ намуданд. Баъдан магистрантон Дилфуза Шарипова дар мавзӯи «Воситаҳои ифодаи замони оянда дар забонӣ англисӣ», Оқилова Дилфуза «Категорияи грамматики ҳудуд ва замонии феъли забони англисӣ» ва Асалов Х. дар мавзӯи «Инъикоси сифатҳои инсон дар фразеологизмҳои забони англисию тоҷикӣ» баромадҳо карданд.

Дар охир мобайни омӯзгорону донишҷӯён саволу ҷавоб  баргузор гашт.