Ҳамарӯза мутобиқи ҷадвали тасдиқнамудаи Ситоди пешазинтихоботии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳавзаҳои интихоботии шаҳр вохӯриҳои номзадҳои пешниҳоднамудаи ҲХДТ бо интихобкунандагон баргузор гардида истодааст.

Имрӯз 12 феврали соли 2020 дар ҳавзаи интихоботии шаҳрии «Себзор №7», ки дар ин ҳавза номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ пешбарӣ карда шудааст, дар якҷоягӣ бо номзади Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Хуҷанд-№13» Гулбаҳор Назирӣ, номзад ба вакили маҷлиси вилоятӣ аз ҳавзаи интихоботии «Масҷиди Сурх-№5» Саидӣ Дилафрӯз вохӯрӣ доир гардид, ки дар он аз ҷониби шахсони боэътимоди номзадҳо шахсияти онҳо муаррифӣ карда шуданд.

Ҳамчунин, номзадҳои пешбаришуда дар назди интихобкунандагон баромад карда, барномаи пешазинтихоботии худро муаарифӣ намуданд.

Дар вохӯрии баргузоргардида интихобкунандагон фаъолона ширкат варзида, барои дар оянда боз ҳам беҳтар намудани шароити хуби зиндагӣ ва ободу шукуфон намудани мамлакат ба номзадҳо пешниҳодҳои худро пешкаш намуданд.