Тибқи нақшаи кории шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд имрӯз 1 марти соли 2023 маҳфили навбатии “Рози бону” таҳти унвони «Оила саодати зиндагист» баргузор гардид.

Дар маҳфили мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ва занони фаъол иштирок доштанд.

Дар ҷараёни маҳфил баромадчиён доир ба оила ва оиладорӣ баромад намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки оила дар фарҳанги  мардуми  кӯҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад.

Яке аз омилҳои муҳимми пешрафти ҷомеа тарбияи дурусти фарзанд ба шумор меравад. Дар ин амри хайр нақши оила ҳамчун ниҳоди боэътимод ниҳоят муҳим мебошад. Агар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро солиму солеҳ ба воя расонад ва дар ташаккули шахсияташон дар хонавода аҳамияти зарурӣ диҳад, чунин фарзанд дар ҷомеа ҳатман мавқеи худро пайдо мекунад.

Масъалаи ҳифзи арзишҳои оила ва оиладорӣ аз ворисони он заковату фаросати баланди инсониро тақозо медорад, то ин ки дар устуворӣ ва пойдевории оила масъул буданро фаромӯш накунанд. Дар ин маврид, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад».

Қайд гарди, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оиларо ҳамчун асоси ҷомеа ва арзиши муқаддас эътироф намуда, барои устувории пояҳои он дар шароити нави ҷаҳонишавӣ чораҳои мушаххас андешида истода, ҷонибдори бартараф намудани ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ дар оила буда, ҷиҳати ташаккули муҳити солими оилавӣ, риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон андешидани тадбирҳои судбахш мусоидат мекунад.

Маҳфили мазкур бо саволу ҷавоб ва андашаронии дигар иштирокчиён хотима дода шуд.